ЧОРАБИНИИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БО АНЪАНАИ “КУЛЧАГАЗОН”

Субҳи имрӯз маросими сафарбаркунии наваскарон дар варзишгоҳи марказӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиссарияти ҳарбӣ иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода дар ифтитоҳи расми гусели наваскарон ба сухан баромада, изҳор дошт, ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.

20181001_110824 (3).jpgДар маросими гусли наваскарон волидони даъватшаванда низ таассуроти худро баён дошта, қайд намуданд, ки хизмат намудани фарзанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳ орзу ва ифтихори ҳар падару модари бо нангу нос буда, тарбияи фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу бум ва ифтихори миллӣ қарзи ҳар як падару модар мебошад.

 

20181001_110541 (2).jpgСокинони ноҳия, ки аллакай хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро адо намуда, бо сари баланд ва мукофотҳои давлатӣ ба назди падару модар баргаштаанд, дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, бобати шароити хуби қисмҳои низомӣ ба наваскарон маълумот доданд.

Наваскарони даъватшаванда низ дар ин чорабинӣ изҳори  андеша намуда, қайд намуданд, ки онҳо ҳамеша барои ҳимояи хоки Ватан омода буда, барои иҷрои амри ватан ҳамеша содиқ мебошанд.

20181001_111123.jpgТибқи анъана, пас аз маросими расмии гусели наваскарон анъанаи “Гулчагазон” бо иштироки падару модарон ва даъватшавандаҳо баргузор гардида, ин чорабиниро барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия ҳамроҳи намуд.

 

 

20181001_110045.jpgГуфта мешавад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дастгирии ҷавонони аз оилаҳои камбизоат ва соҳибкасб намудани онҳо чораҷӯӣ намуда, 22 нафар ҷавон, ки ихтиёран хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро интихоб намудаанд, барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.