БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ИҶЛОСИЯ

Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид, ки масъалаҳои асосии рӯзномаи иҷлосияро масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ дарбар мегирифт.

IMG_20180927_082559.jpgАз ҷумла аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома, роҷеъ ба рафти иҷрои барномаҳои кишварзӣ дар ноҳия муовини якуми раиси ноҳия Исҳоқ Гулҳусайнов баромад намуда, доир ба амалишавии барномаҳои соҳаи мазкур сухан намуд.

Масъулаи дуюми рӯзнома низ марбут ба соҳаи кишоварзӣ буда, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии №11 Абдураим Мирзоназаров дар ин маврид шунида шуд.

Вобаста ба масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул гардида, қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳо қабул гардида буданд, тасдиқ карда шуданд.

IMG_20180927_082709.jpgГуфта мешавад дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишварзии вилоят Сироҷов Меҳнатулло иштирок намуда, вобаста ба пешбурди фаъолияти соҳаи кишоварзӣ ба масъулон супоришҳои дахлдор пешниҳод намуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.