Ҳадафи муҳим аз сафари Пешвои Миллат ба ноҳияҳои кишвар ин шинос шудан ба вазъи зиндагии мардум мебошад.
Дар ҳар сафари худ Пешвои Миллат бо мардуми одӣ вохӯрӣ гузаронида, аз наздик бо шароити меҳнаткашон, зиндагии осуда ва волоияти қонун шинос мешавад.
Рӯзи 11-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва суҳбату мулоқот бо мардум дар рӯзҳои ҷашнгирии 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд. Баъди ба пурргӣ аз дастовардҳои мардуми Бадахшон шинос шудан Пешвои Миллат бо сокинони вилояти Бадахшон суҳбати озод анҷом доданд. Пешвои Миллат дар рафти вохӯрӣ таъкид карданд, ки маъракаҳои оид ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар Бадахшон дар назар дошта шудааст. Бинобар ин, тадбирҳо дар ин самт бояд аз имрӯз рӯи даст гирифта шаванд. Пешвои миллати мо ба вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар баъзе аз шаҳру навоҳии ВМКБ, махсусан шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти дахлдор дастур доданд, то дар муддати кӯтоҳ ин камбудиҳо бартараф карда шавад.
Агар ба фармуда ва таълимоти шариати ислом назар афканем, мебинем, ки дини мубини ислом низ ҳамеша тарафдори амну субот ва тартибу низом дар ҷомиъа мебошад. Чунончи Паёмбар (с) мефармоянд “Ҳар яки аз шумоҳо масъулед ва ҳар яки шуморо аз масъулияти худ пурсида мешавад”. Бояд ин огоҳию дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро оқилона ва дуруст фаҳмида ва дар пайи ислоҳу адо кардани камбудиҳо бошем. Ин сарзамини биҳиштосои худро боз ҳам дар тамоми дунё бо пешравию тараққиёт ва ободкориҳову дастовардҳо муарифӣ кунем.
Сархатиби масҷиди
ҷомеи марказии ноҳияи
Қубодиён ҚАРЧИЕВ З.