Дар бинои қасри фарҳанги ноҳия ба муносибати 1160-солагии асосгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рудакӣ рӯдакихонӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз эҷодиёти устоди шеъри тоҷик қироат намуда, оид ба ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ саҳначаҳои тарбиявӣ доир намуданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз таърих ва ҳунари ноҳия аз осорхонаи таъриху кишваршиносӣ дидан намуданд.
Ба гуфтаи Мирзода Дӯстмурод, мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳия доир намудани чунин маъракаҳо зеҳни хонандагонро ба эҷодиёти бузургони адабиёт ва санъати кишвар бештар ҷалб намуда, шавқи эҷодкорӣ дар дили онҳо пайдо мешавад.