Тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани вохӯрӣ бо интихобкунандагон ба ҳавзаҳои интихоботӣ ба ноҳия ташриф овардаанд.
Гурӯҳи вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии №30 ва №31-и Қубодиён Садриддинзода Бадриддин ва Холиқзода Ҳакимҷон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо интихобкунандагон доир ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба қарору қонунҳое, ки дар ҳашт моҳи соли равон аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба тасвиб расидданд, мулоқот намуданд.