Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти раиси ноҳия бо соҳибкорону сармоягузорон бахшида ба таҷлили Рӯзи соҳибкорон ва баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорони шаҳри Душанбе таҳти увони “Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ” баргузор гардид.
Дар ин мулоқотҳамчунин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни сисолагии Истиқлолияти кишвар муҳтарам Тағойзода Сумангул иштирок намуд.
Пеш аз оғози вохӯрӣ намоиши маҳсулоти дар ноҳия истеҳсолшуда баргузор гардид, ки аз он раиси ноҳия ҳамроҳи меҳмонон дидан намуданд.
Нахуст дар ҷаласа муовини раиси ноҳия Тоҷиев Алӣ оид ба вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ ва иктидори саноатии ноҳия баромад намуда, ҳозиринро бо дастовардҳои соҳаҳаои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия шинос намуд.
Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ дар баробари баррасии вазъи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ноҳия ҳамчунин масъалаи саҳм гузоштани соҳибкорону шахсони саховатпеша дар рушду пешравии ноҳия тавассути бунёди иншооти иҷтимоӣ ва саноатӣ ва иштирок дар корҳои бунёдкориву ободонии бахшида ба сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуии Тоҷикистон матраҳ карда шуд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағойзода Сумангул зимни баромади худ изҳор дошт, ки дараҷаи пешрафти кишвар ва комёбии он дар муҳимтарин бахшҳои сиёсати дохилию хориҷӣ ба рушду инкишофи деҳот алоқамандии зич дорад. Ба гуфтаи вай, Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба масъалаи фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди деҳот ва сокинонаш таваҷҷӯҳи рӯзафзун зоҳир мекунад. “Ин мавқеи созанда ҳамаи мо, ҳозиринро водор мекунад, ки бо рӯҳияи баланд баҳри рушду нумӯи минбаъдаи Ватани азизамон кӯшиш ва саъйю талош намоем”, - гуфт вазир.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти хатлон дар ин чорабинӣ, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон Мирзоев Д. ҳангоми суханронӣ изҳор дошт, ки барои соҳибкорону сармоягузорон имкониятҳои зиёд ҷиҳати пешбурди фаъолияташон мавҷуд буда, фазои озоди рақобат ва бозори гарм ба ноҳо имкони рушди соибкорӣ ва сармягузориро фароҳам меорад.
Зимнан, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия, ки дар ин вохӯрӣ ширкат доштанд, аз ин мулоқот рӯҳу илмҳоми тоза гирифта барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию бунёдкории ноҳия омодагии худро эълон намуданд.
Аз ҷумла соҳибкори инфиродӣ Раҳмонов Бахтиёр, ки тайи чанд соли ахир ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул мебошад, изҳор намуд, ки омодааст дар маркази ноҳия як боҳи фароғатии дорои таҷҳизоти аттраксиониро бунёд намояд.
Ба ҳамин тартиб раиси маҳаллаи Қизил Тоҷикистон Назаров Ғафур изҳор дошт, ки барои бунёди даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Қубодиён дастаҷамъона камар бастаанд.
Дар баробари нафарони болозикр дигар соҳибкорон ба сухан баромада омодагии худро баҳри саҳм гузоштан дар рушду ободонӣ ва бунёдкории ноҳия изҳор доштанд.
Дар фароварди маҷлис ба масъулин аз ҷониби роҳбарият ҷиҳати рушди соҳаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ дар ноҳия супоришҳои мушаххас дода шуд.