Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, фарҳанг, комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи маорифи ноҳия аз 25-уми августи соли 2018 оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо дар МТМУ №24-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон, ҷавонон, занон, раисони кумитаҳои маҳалла ва ходимони дини деҳаҳои “Навбаҳор” ва “Доққӣ” доир ба масъалаи мазкур мулоқот намуданд.
Шахсони масъули гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои дахлдор сокинонро огоҳ намуда, онҳоро ба бурдани тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани ватан ва ҳифзи зиракии сиёсӣ даъват намуданд.