Рӯзи 8 сентябр дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар чорабинии идона ва маҷлиси тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати ҷашнӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабиниҳои идона ва маҷлиси тантанавӣ дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти ҷаннодию нонӣ баргузор гардид, ки аз ин намоишгоҳ сокинон ва меҳмонон дидан намуданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода сокинони ноҳияро ба фарорасии ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи Тоҷикистон мебошад, самимона табрик намуд. Раиси ноҳия дар баромади худ оид ба дастовардҳои давоми соли хоҷагии халқи ноҳия ёдовар шуда қайд намуд, ки имрӯз мардуми ноҳияи Қубодиён аҳлона дар фазои сулҳу субот, дӯстиву якдигарфаҳмӣ меҳнат карда, бо сохтмон ва бунёди иншоотҳои гуногуни маъмурию давлатӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот симои ноҳияро ободу зебо гардониданд.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул аз номи Ҳукумтаи ҷумҳурӣ ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 27-солагии Истиҷлолияти давлатӣ табрик намуда, Истиқлолиятро неъмати бебаҳо хонда, ҳифзи онро чун гавҳараки чашм муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, директори Раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Наврӯззода Аслбӣ табрикоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро ба сокинони ноҳия расонид.
Дар поёни қисми тантанавии чорабинӣ ба чанд нафар роҳбарон ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва соҳибкорон барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ба муносбати 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ Озмуни ноҳиявии бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтарин ҷамоатои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла ҷамъбаст гардида, ба ғолибони озмун тибқи талаботи муқарраргардида ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ дода шуд.
Сипас бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашуда ва консетрии худро пешкаши ҳозирин намуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии идонаи бахшида ба 27-солагии Истиқлолиятро дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия беш аз 3 000 сокини ноҳия тамошо мекард.
МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ маросими ба истифода додани чанд иншоот пешбинӣ карда шудааст.
Бо мақсади ба истифода додани иншооти ҷашнӣ раиси ноҳияи Қубодиён ҳамроҳ бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул, ки намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили чашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, қабл аз оғози чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти кишвар аз Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров дидан намуданд.
Зимни ин боздид, як дорухона ва сартарошхона, ки аз тарафи сокини ин ҷамоат Тағоев Лазиз сохта шудаанд, ба истифода дода шуд. Дар ин маросим қайд гардид, ки бунёди чунин иншоот дар маҳал зарур буда, ба пешрафт ва беҳтар гардидани шароит дар маҳал мусоидат менамояд. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки барои дастрасии доруҳои аълосифат ва худдорӣ намудан аз доруҳои пастсифат беҳтар таваҷҷӯҳ карда шавад.
Раиси ноҳия Зафар Файзуллозода ба соҳибкор барои саҳм гузоштан дар рушди маҳал изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соҳибкорон ва дигар шахсоне, ки дар рушду инкишофи соҳаҳо дар маҳал саҳмгузорӣ менамоянд, ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари ин, чанд иншооти дигаре, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ифтитоҳашон дар арафаи таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ пешбинӣ шуда буданд, ба истифоад дода шуданд.
Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бахшида ба таҷлили ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 100 иншооти таъиноти гуногунро бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша пешбинӣ намудааст, ки то имрӯз як қатор аз ин иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.