Рӯзи якуми сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия соли нави таҳсил оғоз гардид. Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи омодагии муассисаҳо ба соли нави хониш ва ҳамозамон табрику таҳният гуфтан ба омӯзгорон ва хонандагон раиси ноҳия Зафар Файзуллозода аз муассисаи таълимии №1-и ноҳия дидан намуд.
Раиси ноҳия дар рафти дидор бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии мазкур тамоми ҳайати омӯзгорони ноҳия, кормандони соҳаи маориф ва хонандагонро ба фарорасии соли нави таҳсил табрик гуфта, қайд намуд, ки мактаб даргоҳи илму маърифат буда, илм роҳкушои ҳамаи мушкилиҳо мебошад.
Ҳамчунин зимни суханронии раиси ноҳия таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф иқдомҳои саривақтӣ анҷом дода, баҳри дигаргун сохтани сатҳи шароити соҳа дар ноҳия кӯшишу талош меварзад. Зикр гардид, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ дастгирӣ ёфтани нақшаи бунёд ва сохтмони муассисаи таълимии №44, сохтмони бинои нави мактаб – интернат ва бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия аз ҷумлаи дастовардҳои соҳа дар соли равон мебошад.
Инчунин раиси ноҳия дар идома қайд намуд, ки бо назардошти афзоиши солонаи қабул ба синфи якум соли равон 23 синфхонаи иловагӣ дар назди як қатор муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки соли равон 4 260 нафарро муассисаҳои таълимии ноҳия ба синфи якум қабул намуданд, дар ҳоле ки ин муассисаҳоро имсол 2 308 нафар хатм карданд.
Дар идомаи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия тамошои дастаҷамъии дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид, сурат гирифт.