Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон бо сокинони ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам вохӯрӣ доир намуд.
Вохӯрии мазкур тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба вохӯриҳои муштараки шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва кормандони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, солимии репродуктивӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар вилояти Хатлон сурат гирифт.
Дар ин вохӯрӣ сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Сафаров Шодӣ сухан намуда, оид ба нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои вилоятӣ дар ин самт маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО Илёсиддин Саидов вобаста ба роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо ин вабои аср изҳори назар намуд. Номбурда қайд намуд, ки вазъи паҳншавии бемории мазкур дар вилоят мояи нигаронӣ дошта, масъулинро зарур аст, ки дар ин самт бо аҳолӣ ҳамкории зич барқарор намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ Ҳаким Худойбердиев, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилоят таъкид дошт, ки ҷиҳати пеҳгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ бештар карда шавад.