МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН

Дар бинои қасри фарҳанги ноҳия машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид.

20180824_091549.jpgДар кори машварат раиси ноҳия Зафар Файзуллозода иштирок ва суханронӣ намуда, аҳли толорро бо оғоз ёфтани соли хониш табрик ва таҳният гуфт. Раиси ноҳия зимни суханронии худ изҳор дошт, ки касби омӯзгорӣ вазифаи хеле пурмасъулият буда, маҳз меҳнати софдилона ва содиқонаи омӯзгорон метавонад инкишоф ва пешрафти тамоми соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеаро таъмин намояд. Дар ин вохӯрӣ соли равон барои соҳаи маорифи ноҳия соли пешравиҳо ва муваффақиятҳо арзёбӣ гардид. Аз ҷумла оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии шуъбаи маориф, идомаи корҳои сохтмонии мактаб – интернати ноҳия ва сохтмони бинои нави муассисаи талимии №44 аз дастовардҳои соҳа дар давоми соли равон дониста мешавад.

20180824_091453.jpgДар рафти чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мирзо Эшов доир ба фаъолияти яксолаи соҳаи маориф ҳисобот дода, фаъолияти соли нави хониш тарҳрезӣ карда шуд.

Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои мавҷудаи соҳа ба масъулин ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо супориш дода шуд.

Гуфта мешавад, зимни баргузории машварати омӯзгорон дар саҳни бинои қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастоварду ихтироъҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона намоиш дода шуд, ки аз он роҳбарияти ноҳия дидан намуд.20180824_091019.jpg

Дар ин машварат, ҳамчунин ба омӯзгорони хизматнишондода Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Чорабинии мазкур бо барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия хоти ёфт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.