МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ

Тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва даст задан ба ҷиноят. Бо ин мақсад гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо фаъолон ва сокинон вохӯрӣ доир намуд.

20180816_100532.jpgЗимни баромади худ муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода изҳор дошт, ки баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат бояд тамоми ҷомеа фаъол бошад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин робита ҷоннок карда шавад.

Раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода дар навбати худ қайд намуд, ки имрӯз ҳар як сокини ноҳия бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани аҷдодӣ барои ҳимояи он аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва ҳимояи арзишҳои миллӣ талош намуда, баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватан бо маром фаъолият доранд.

Бо ёдоварӣ аз ҳодисаи нохушӣ марбут ба қатди сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара раиси ноҳия Қубодиён зикр намуд: “Фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Қубодиён амали номатлуби бадбинона ва барқасдонаро, ки нисбат ба сайёҳони хориҷӣ ба амал омад, маҳкум намуда, минбаъд низ беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд”.

20180816_105428.jpgДар фарҷоми нишаст аз ҳаёти ҷавононе навор пахш карда шуд, ки аз гумроҳӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастаанд ва акнун бо изҳори пушамонӣ роҳи ватанро пешгирифтаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо назардошти пушаймониашон онҳоро авф намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.