СУХАНРОНИИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТИИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ НОҲИЯ

Воқеан, Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ва халқи Тоҷикистон аст, ки бисту ҳафт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз овардааст.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби солҳои аввали истиқлолият водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳдоштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем.

Бояд зикр кард, ки имрӯз қувваҳое ҳастанд, ки барои ноором кардани вазъият ва халалдор кардани амнияти миллии ин ё он давлати ҷаҳони муосир ҳавасманд мебошанд.

Раванди сиёсии ҷаҳони муосир талаб менамояд, ки бар зидди хатари экстремистӣ – динӣ бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ собитқадамона мубориза баранд.

Хушбахтона дар ноҳияи Қубодиён аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, бо ҳифзи зиракии сиёсӣ ва дарки масъулиятшиносӣ дар ҷомеа хатарҳои амнияти ҷомеа бартараф карда шуда, фазои сулҳу субот ва амнияти ҷомеа таъмин гардидааст.

Бо мақсади солимгардонии мафкураи шаҳрвандон аз ҳаргуна андеша ва тамоюлҳои ифротӣ, алалхусус ҷилавгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҷараёнҳои террористӣ чорабиниҳои ҳадафманд пайваста роҳандозӣ карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба таъсири гурӯҳҳои ифротии мазкур, ки имрӯз натанҳо ба устувории сиёсии минтақаҳои муайяни геополитикӣ, балки ба низоми сиёсии тамоми сайёра таҳдид намуда истодааст, ҳамаҷониба ҷоннок карда шудааст.

Омилҳое, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид менамуданд, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таҳсилоти ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ва тақлидҳои кӯркӯрона ба фарҳанги бегона, ки солҳои охир дар кишварамон, алахусус дар ноҳияи Қубодиён ба чашм мерасид, тавассути пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва хусусан бо ҷавонон, равона намудани ҳамагуна қувваҳои ҷомеа бар зидди омилҳои таҳдидкунандаи ҷомеа решакан карда шуданд.

Имрӯз ҳар як сокини ноҳия бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани аҷдодӣ барои ҳимояи он аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва ҳимояи арзишҳои миллӣ талош намуда, баҳри ободӣ ва гулгулшукуфии ватан бо маром фаъолият доранд.

Дар баробари ин, барои риояи ҳатмии муқаррароти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таълиму тарбияи дурусти насли наврас, ҳамкории волидон бо муассисаҳои таълимӣ, таҳти назорат қарор додани фарзандон дар дохили кишвар ва берун аз он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Имрӯз дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ бояд ҳамагон бо дарки масъулияти баланд ҳиссагузорӣ намоем, ва тамоми тадбирҳоро андешем, то ки ҷавонон дар роҳи дуруст таълиму тарбия гирифта, ба воя расанд.

Фаъолон ва намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Қубодиён амали номатлуби бадбинона ва барқасдонаро, ки нисбат ба сайёҳони хориҷӣ ба амал омад, маҳкум намуда, минбаъд низ беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсӣ нишон хоҳанд дод ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, дар роҳи амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бештари Тоҷикистони азиз ва боз ҳам беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

        Бори дигар ҳамаи Шумо меҳмонони азизро ба ноҳияи Қубодиён хуш омадед мегуям ва Шуморо бовар мекунонам, ки мардуми бо ору номуси ноҳияи Қубодиён ба қадри Истиқлолияти Ватани азизамон мерасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд ва дар оянда низ бо ватандӯстӣ, садоқат ба хоку диёри хеш, бо меҳнати ҳалолу пурсамари худ дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.