САНҶИШИ МУКАММАЛИ ҲОЛАТИ ОМОДАГИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

Дар асоси амри раиси вилояти Хатлон аз 1 августи соли 2018, №20 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби афсарон ва мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Сайдалиев Ёқуб ҷиҳати санҷиши мукаммали ҳолати омодагии мудофиаи гражданӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо вориди ноҳия гардид.

001.jpgҚабл аз оғози кор гурӯҳи мазкур дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия вохӯрӣ доир намуд. Гурӯҳи мазкурро раиси ноҳия Зафар Файзуллозода ба ҳозири муаррифӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ мақсад ва ҳадафи сафарбар шудани гурӯҳи мазкур баён гардид. Қайд карда шуд, ки зимни санҷиш ба тариб додани ҳуҷҷатгузориҳо оид ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, иҷрои фармоишҳо, дастуру супоришҳои ҳайати роҳбарикунанда, амру қарорҳои раиси вилояти Хатлон, тайёрӣ ва омодагии ҳайати роҳбарикунанда, мақомотҳо ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ бештар таваҷӯҳ карда мешавад. Дар баробари ин, гурӯҳи корӣ барои расонидани кумаки амалию методӣ ба хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии сатҳи ноҳиявии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода вазифадор карда шудааст.

Қарор аст, гурӯҳи корӣ фаъолияти худро то рӯзи 15 август идома диҳад.

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.