Имрӯз ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии одона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳи хосса фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.
Дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарҳо ва ихтирооти наврасон ва кӯдакон баргузор карда шуд.
Наврасон ва ва кӯдакони муассисаҳои таълимӣ ва боғчаҳои бачагонаи бо барномаҳои рангини консертӣ чорабиниро ба анҷом расониданд.