Бо мақсади шарҳу эзоҳи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки санаи 12 майи соли 2018 ба муносибати фарорасии моҳи мубораки Рамазон баргузор гардид, гурӯҳи таблиғотии таъсисдодаи раиси влиояти Хатлон дар раъси Шарифзода Сафарбек, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии вилоят вориди ноҳия гардиданд.
Дар асоси ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳои баргузории вохӯриҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, гурӯҳи кории вилоятӣ аз рӯи нақшаи мазкур дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои муайян мулоқот доир намуданд.
Намояндагони вилоят дар ин вохӯриҳо муҳтавои мулоқоти мазкурро ба сокинон шарҳу эзоҳ дода, дар ин вохӯриҳо, аз ҷумла қайд гардид, ки бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон шахсони тавоно ва саховатпеша метавонанд дасти ёрии худро ба афроди камбизоат, яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд дароз кунанд. Инчунин қайд гардид, ки сохта ва ба истифода додани бунгоҳҳои тиббиву мактабҳо ва дигар иншооти ёрирасон дар маҳал аз тарафи шахсони сахофатпеша аз ҷумлаи савобҳои ҷория ба ҳисоб меравад.
Дар рафти мулоқот ба сокинон муроҷиат карда шуд, ки вобаста ба авзои имрӯзи ҷомеа ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, дар якҷоягӣ барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб талош намоянд.
Ҳамзамон дар ин вохӯриҳо бо назардошти нигарониҳои ҷомеаи кишвар аз густариши бемориҳои сирояткунанда воабста ба оқибатҳои даҳшатовари ин бемориҳо, аз ҷумла бемории сироятии норасоии масъунияти одам ва роҳҳои пешгирии маълумот пешниҳод карда шуд.
Қаблан Шарифзода Сафарбек, мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии вилоят ба ноҳия ташриф оварда, вобаста ба мавзӯъҳои болозикр бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳивӣ ва фаъолони ноҳия дар ҳузури раиси ноҳия мулоқот доир намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ қаблан вобаста ба шарҳу эзоҳи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, гурӯҳҳои мазкур дар ин робита деҳа ба деҳа мулоқот доир намуданд.