ДОҒИ РӮЗ: ИФРОТГАРОӢ

Дар ҷаҳони муосир яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияту оромии кишварҳо — терроризм ва экстремизм мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ мекӯшанд, ки тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро бо шиорҳои бардурӯғ ба доми худ кашанд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки гӯё «ҳаёти беҳтар», «озодӣ» ё «ҷиҳод» меоранд, аммо дар асл ба марг, вайроншавӣ ва нобудшавии халқу миллат меоранд.

Мақсади асосии онҳо — истифода бурдани ҷавонон ҳамчун восита дар роҳҳои сиёсии худ мебошад. Ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо ҳамроҳ мешаванд, аз илму дониш, зиндагии орому осуда ва ояндаи равшан маҳрум мегарданд. Ягон гурӯҳи ифротӣ барои хушбахтии одамон талош намекунад, балки онҳоро ба қурбонии ғаразҳои шахсӣ ва сиёсии худ табдил медиҳад.

Бар зидди ин тарғиботи гурӯҳҳои ифротӣ бояд бо дониш ва маърифат ва ташфиқу тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ ва накӯкорӣ мубориза бурд. Ҷавонон бояд донанд: Ватани мо ва ҷаҳони имрӯза, ки бо ин хатар рӯ ба рӯ гаштааст, ба ҷавонони боилму маърифат, соҳибкасб ва созанда ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки дар ҳар кунҷи ҷаҳон набошанд, барои ободиву созандагӣ кӯшиш намоянд, на ба вайронкорӣ.

Пешгирии терроризм ва экстремизм дар навбати аввал аз оила ва мактаб оғоз мешавад. Волидайн бояд ба фарзандон диққати бештар диҳанд, муаллимон бояд маърифати инсондӯстӣ ва ватандӯстиву ватанпарвариро тарғиб намоянд. Ҳар як ҷавон бояд фаҳмад, ки ояндаи ӯ дар меҳнат, дониш, ваҳдат ва оромии кишвар аст.

Бояд қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм роҳи бебозгашт аст, ҳар киро ба доми худ кашид, душвор аст, ки аз домаш раҳоӣ ёбад. Аз ҳамин сабаб, ҷавонон бояд ҳушёру огоҳ бошанд ва ба таблиғоти бардурӯғи ифротгароён дода нашаванд. Зиндагии орому осоишта, муҳаббати ватан ва таҳсили илм ҷавобест, ки ҳама гуна таблиғоти онҳоро рад мекунад ва оромии худи сокинон, баъдан оила, ҷамъият ва ватани азизро нигоҳ медорад.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.