
Аз моҳи феврали соли 2024 растании “Ҳазориспанд” дар ҳудуди Федератсияи Русия ба рӯйхати растаниҳое дохил карда шудааст, ки он дорои маводи мухаддир, психотропӣ ва ё прекурсорҳои онҳо мебошад. Дар ин бора прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхонзода Исмоил зимни вохӯрӣ бо мақомоти ваколатдор, ходимони намоён, мутахассисони кумитаи дин, сокинон ва фаъолони ноҳия, ки рӯзи 20 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ дар қаламрави ФР, аз ҷумла воридот, истифода барои мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, тибқи моддаи 231 КҶФР ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмуриро пешбинӣ мекунад ва барои шаҳрвандони хориҷӣ ихтироҷ (депортатсия) аз қаламрави ФР муайян карда шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки барои аз 10 адад зиёд бо худ доштани растании “Ҳазориспанд” ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ ё ин ки ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандон даъват карда шуд, ки аз интиқол ва ҳангоми сафар ба ин кишвар бо худ бурдани растании “Ҳазорисспанд” худдорӣ намоянд.