НАҚШИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ТАҲКИМИ АМНИЯТ

Дар шароити муосир, таҳдидҳои терроризм ва экстремизм ба амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум таъсири ҷиддӣ расонида, инкишофи бечунунчарои соҳаҳои иҷтисодӣ-иҷтимоии ҷомеаро зери суол мегузорад. Ин зуҳурот аксаран дар натиҷаи “шустани мағзҳо”, шиддат гирифтани вазъиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва истифодаи ғалати мафҳумҳои диниву идеологӣ сар зада, боиси вайрон гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеа мегардад. Аз ин лиҳоз, мубориза бо чунин хатарҳо бояд ҳаматарафа ва бомақсад роҳандозӣ гардад.

Яке аз самтҳои калидии ин мубориза — баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки амният ва оромии ватан аз рафтор ва муносибати ӯ вобаста аст. Ватандӯстии ҳақиқӣ дар он зоҳир мешавад, ки шахс ба қадру манфиати умумӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили мардуми худ эҳтиром мегузорад.

Илова бар ин, дар мубориза бо экстремизм нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори умум ва падару модар калон аст. Омӯзиш ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, ҳисси масъулият ва фаҳмиши дурусти арзишҳои диниву дунявӣ метавонад роҳи самараноки пешгирии ифротгароӣ бошад.

Мақсад аз ватандӯстӣ танҳо дӯст доштани ватан нест, балки аз он ҳимоя кардан, барои пешрафти он саҳмгузор будан, ва дар лаҳзаҳои душвор ҷасурона баромад кардан аст. Хусусияти муҳими ҷомеаи солим — маҳкум кардани ҳама гуна зуҳуроти ифротӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои ҳамзистиву инсонпарварӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Бо якҷоягӣ ва ҳамбастагии мардум, ваҳдати миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва умед ба оянда, мо метавонем Тоҷикистони бехатару гул-гулшукуфонро нигоҳ дорем ва аз он ҳимоя намоем.

 

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси

ноҳияи Қубодиён Аҳмадов Шоҳрух

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.