Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар саҳни қари фарҳанги ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия, муовинони раис, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва беш аз панҷсад нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Чорабнии бахшида ба Рӯзи ҷавононро раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода бо сухани табрикотӣ оғоз намуд. Зимни суханронӣ раиси ноҳия ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат мебошад. Ҳамчунин раиси ноҳия ҳангоми суханорнӣ бо хитоб ба ҷавонон таъкид намуд, ки ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд. Дар робита ба вазъи ҷавонон дар ноҳия раиси ноҳия қайд намуд, ки аз се як ҳиссаи аҳолии ноҳияро ҷавонон ташкил дода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия фаъолият дошта, 72 нафар ҷавон дар вазифаҳои роҳбарикунанда адои вазифа менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Назаров Ҷӯрабек ба сухан баромада, ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Сипас ҷавонони фаъол ва варзишгароне, ки дар мусоибақаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дастовардҳои назаррас доштанд, аз тарафи раиси ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш сафароз гаршатнд.
Бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертии худ ба чорабинии мазкур хотима бахшид.