ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ МО МЕБОШАД

Дар ҳар давру замон миллат ва давлати мустақил ҳамеша бо душманон рӯбарӯ будааст — ҳам бо душманони ошкор ва ҳам бо хоинони пинҳон. Имрӯз, вақте ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи рушд ва суботи миллӣ пеш меравад, мутаассифона, гурӯҳҳое ҳастанд, ки дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, бар зидди давлату миллат амал мекунанд. Онҳо худро "фаъол" ва ё "мухолиф" ном мебаранд, вале дар асл — хоинонеанд, ки бо бадгӯӣ, туҳмат ва дасиса барои ноором сохтани Ватан ба хоҷагони худ хизмат мекунанд.

Хиёнат ба ватан дар шаклҳои муосир бештар дар фазои иттилоотӣ зуҳур мекунад — тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои ғаразнок ва васоити ахбори оммаи вобаста ба манфиатҳои хориҷӣ. Хоинони дар хориҷбуда бо пахши маълумоти бардурӯғ, барангехтани кинаю адоват, ангехтани тафриқа миёни қишрҳои ҷомеа ва кӯшиши заиф кардани пояҳои давлатдории миллӣ, барои нооромсозии фазои сиёсӣ талош мекунанд.

Хоинони ғаразнок барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопоки худ аз ҳар роҳу усул, ба вижа терроризм ва экстремизм истифода менамоянд. Онҳо на танҳо хиёнат ба ватан мекунанд, балки бо даст задан ба зӯроварӣ, тарсафканӣ ва тарғиби ифротгароӣ машғул мешаванд.

Дар гузашта мо шоҳиди он шуда будем, ки ин гуна ҳизбу ҳарака аз ҷумла ҳизби мамнӯи наҳзати ислом гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо амал ва ё тарғиботи худ зидди давлат, миллат ва ҷомеа баромад мекунанд ва ҳамзамон бо истифода аз усулҳои террористӣ, монанди таркиш, қатл, гаравгонгирӣ ё таҳдид ба зӯрӣ, кӯшиш мекунанд ба аҳдофи хоинонаи худ бирасанд.

Аммо, мо, мардуми ватандӯст, бояд дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бедор, муттаҳид ва содиқ ба арзишҳои милливу динӣ бошем.

Ҳимояи Ватан, ваҳдати миллӣ ва амнияти умумӣ на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди худшинос аст. Моро зарур аст, ки муттаҳидона дар баробари ин гуна хатарҳо истодагарӣ намоем ва бо амалу гуфтори худ содиқ буданамонро ба Ватан исбот намоем.

 

 

Мудири бахши дин,танзими анъана ва

ҷашну маросими МИҲД ноҳияи Қубодиён

Маҳмадшарифзода Зафар

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.