ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Тамоми ҷавонони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки мо ин санаи муҳимро ҳар сол дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол мегирем, самимона табрик мегӯям.

Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ мебошад.

Ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷавонон басо назаррас буда, баҳри фароҳам сохтани шароити муфид ва эҷоди имкониятҳои созгор барои ҷавонон талош меварзанд.

Аз тарафи сарвари давлат эълон гаштани соли 2017 “Соли ҷавонон”, ки дар доираи он аксари мушкилоти ҷавонон ҳалли худро ёфтанд, яке аз нишонаҳои ғамхории роҳбарияти кишвар нисбат ба ин қишри фаъоли ҷомеа мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Аз ҷумла барои пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки барои беҳтар гардидани шароити зист ва фаъолияти ҷавонон мусоидат менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки аз се як ҳиссаи аҳолии ноҳияро ҷавонон дар бар гирифта, шумораи онҳо ба 55 ҳазору 316 нафар мерасад, ки онҳоро метавон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат номид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷавонон пайваста кӯшиш намуда, амалишавии ҳамаи барнома ва стратегияҳое, ки баҳри беҳтар намудани шароити ҷавонон равона карда шудаанд, таҳти назорати қатъӣ қарор дода, пешниҳоду ибтикороти ҷавононро дастгирӣ менамояд. Имрӯз дар ноҳия ҷавонон дар мансабҳои гуногун фаъолият дошта, 72 нафар ҷавон дар маснади роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Барои амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумат то ба имрӯз нақшаву барномаҳои зиёдеро татбиқ карда, барои ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҷиҳати омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар заминаи ин ёдовар шудан зарур аст, ки айни ҳол аз ноҳия тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 нафар ҷавонони мо дар мактабҳои олӣ таҳсил карда истодаанд, ки ихтисосҳои интихобнамудаи онҳо барои ноҳияамон зарур мебошад.

Илова бар ин, ба хотири таҳким бахшидани робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.

Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву паҷӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд.

Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.

Дар охир бори дигар, ҳамаи ҷавонони ноҳия – насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоям.

Миёна: 4.7 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.