
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия намоишномаи ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонов таҳти унвони “Бозгашт” ба сокинони ноҳия пешниҳод карда шуд.
Дар ин намоиш, ки бо дастгирии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ташкил карда шудааст, омилҳои гаравиши ҷавонон ва ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, иштироки ҷомеа дар муқовимат бо ин падидаи номатлуб ва ҳифзи зиракию ҳушёрии сиёсӣ таҷассум ёфта, таъкид мегардад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шуда, бояд ба манфиати давлату миллат ва ҷомеа амал кард.
Дар ҳошияи намоиши театрӣ Сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи Қодирӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳон рӯз то рӯз ғайри қобили пешгӯӣ гардида, гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки барои манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ амал мекунанд, роҳу воситаҳои гуногунро ҷиҳати ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафи худ истифода бурда, ҷавононро ба гирдоби ифротгароӣ мекашанд.
Бинобар ин, моро зарур аст, аз ҳарвақта бештар дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри ҳифзи сулҳу амният ва суботи сиёсии тантанҳо кишвари азизи мо, балки барои таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон талош менамоянл, сарҷамъ шуда, ба хоинону манфиатҷӯён нагузорем, ки ба ин сулҳу ваҳдат ва сарҷамъии мо халал ворид намуда, ҷавононро роҳгумзада ва фирефта созанд.
Қайд гардид, ки намоишномаи мазкур хислати тарбиявӣ дошта, аз ҳодисаҳои ҳаётии баъзе ҷавонон, ки аз ноогоҳӣ ва дониши суст ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтодданд, гирифта шуда, барои тамоми ҷавонон намунаи ибрат мебошад.
Тибқи сенария ҷавони фаъоли мактаб дер боз ба фиреби гурӯҳҳои ифротӣ наафтода, дар чорабиниҳо ва озмунҳо фаъолона иштирок намуда, мақсади дониши хуб гирифтан ва ба халқу давлат хизмат карданро дорад. Вале шароити зист ҷавонро парешонҳол менамояд. Аз ин фурсат гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ гардида, мехоҳанд бо истифода аз вазъи молиявии хонаводаи ҷавон ӯро ба доми худ кашида, дар амалҳои нопоки худ истифода намоянд. Аз ин ҳолат муаллимаи деҳа огоҳ ёфта, бо талош фаъолияти гурӯҳҳоро ошкор намуда, барои дастгир кардани омилони ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд ва бо ин роҳ ҷавонро дар роҳи фалокат наҷот медиҳад.