
Имрӯз, ки ҷаҳони муосир бо чолишҳо ва таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст, ҳифзи суботу амният ва оромии ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар як шаҳрванди худогоҳи Тоҷикистон мебошад. Дар чунин шароит, бедории сиёсӣ ва зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд муҳим буда, ватандӯстию ватанпарварӣ бояд қутбнамои ҳар яки мо бояд бошад.
Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва афроди алоҳида кӯшиш доранд, ки бо шиорҳои зоҳиран зебо, аммо дорои мазмуни хушунатомез, мардумро ба гумроҳӣ баранд ва оромии ҷомеаи моро аз байн баранд. Онҳо бо ваъдаҳои дурӯғин ва иттилооти ғаразнок кӯшиш мекунанд, ки эътимоди мардумро ба ваҳдати миллӣ коста созанд ва онҳоро ба тарафдорӣ аз ақидаҳои тундравона водор намоянд.
Шаҳрвандон бояд фаҳманд, ки чунин гурӯҳҳо танҳо манфиатҳои шахсии худро пушти чунин ҳангомаҳо пинҳон мекунанду аз оромиву ваҳдати Тоҷикистон ҳасад мебаранд. Онҳо ба ободии миллату давлат коре надоранд. Онҳо аз миллат рӯй гардонида, сулҳу ваҳдат, пешрафти кишвар ва ояндаи фарзандонамонро халалдор месозад.
Мо бояд дарк кунем, ки рушди Тоҷикистон танҳо дар фазои ором, бо ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии мардум имконпазир аст. Ватандӯстӣ на танҳо дар сухан, балки дар амал, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дар пос доштани истиқлолият ва тарафдор будан ба ваҳдати миллӣ зоҳир мегардад.
Ба ҳар як шаҳрванди худшинос лозим аст, ки дар паҳлуи халқи худ бошад, фирефтаи овозаҳо, таблиғоти душманон ва ваъдаҳои бепояи мухолифони манфиатҷӯ нагардад. Зеро кишвари мо — Тоҷикистон, хонаи умумии ҳамаи мост ва онро бояд аз ҳар гуна таҳдид эмин дорем.
Агар мо Ватанамонро обод накунем, касе онро ба ҷойи мо обод нахоҳад кард, агар мо Ватани худро ҳифз накунем – ҳеч кас дифоъ нахоҳад кард. Бояд дар хотир дошта бошем, ки Тоҷикистон – ватани азиз ва хонаи умеди ҳамаи мост!
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи
раиси ноҳияи Қубодиён Аҳмадов Шоҳрух