
Аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони деҳаи мазкур роҷеъ ба масъалаи зарурияти машғул шудан ба шуғли пурмаҳсул дар заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, огоҳонидани мардум, алалхусус ҷавонон аз макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгири аз тамоюли мардум ба либосҳои бегона ва симои зохирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суинати исломӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, суҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвал идома доранд.