Бар зидди нохалафон якҷоя мубориза намуд!

ВОКУНИШ:  Имрўз вазифаи ҳар фарди ҷомеа пеш аз ҳама таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, ваҳдату мутаҳидии халқамон, афзудани обрўю эътибори мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷаҳду талош намудан аст, на бадном кардани номи неки Тоҷикистону тоҷикон. Вале дар ҳар давру замон ин ё он нафаре пайдо мешавад, ки ҳамчун бозичаи дасти дигарон шуда, пойбанди андешаву афкори онон гардад ва бо ин васила дину мазҳаб, наздикону пайвандон, Ватану миллати худро бар ивази пулу мол мефурушанд.

Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм муайян карда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҳдиди афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди устувори он дар роҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа муборизаро дар ин самт тақвият мебахшад. Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ, фаъолиятҳои худро барои паҳн кардани мафкураи радикалӣ, таҳрики адовати мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи онҳо ва содир кардани ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ, ба роҳ монда, системаи иҷтимоию сиёсии кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир медиҳанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм нишон медиҳад, ки таҳия ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои безараргардонии омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ - иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалии фаъолнокии онҳо равона карда шудаанд, барои ба муваффақиятҳо ноил шудан мусоидат мекунад.

Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ҷомеаи ҷаҳониро беш аз пеш ба ташвиш овардааст. Авзоъ дар кишварҳои ҷангзада собит месозад, ки ин амалҳо бо ҳадафҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат ва созмонҳову гурӯҳҳои манфиатхоҳ омезиши ҳамсон дошта, чун вабо ва ё силоҳи қатли ом ба тамоми мавҷудоти сайёра таҳдид доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар хатару таҳдидҳо пайваста ибтикор нишон медиҳад. Натиҷаи ибтикороти байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки Тоҷикистон тайи солҳои охир барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.

Саъю талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд.

Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.

Аз ин хотир, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯстро зарур аст, ки дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Мо дар сурате метавонем зафар ёбем, ки агар алайҳи терроризму ифротгароӣ дастаҷамъона мубориза барем.

      Раиси Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

        дар ноҳияи Қубодиён                                                         В. Абдуллозода

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.