Бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳия Қудратуллозода Бахтиёр сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ шодбош гуфта, изҳор дошт, ки маҳз, дар натиҷаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид, имрӯз мафҳумҳое ба мисли волоияти қонун, давлати демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди соҳибкорӣ, матбуоти озоду мустақил, парлумони касбӣ, судҳои дахлнопазир ва садҳо мафҳуми дигар барои ҷомеаи мо мафҳумҳои маъмулӣ гардидаанд.
Ҳамчунин муовини якуми раиси ноҳия қайд намуд, ки Конститутсия ин қонун оид ба вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, таъсиси давлат, низоми фаъолияти мақомоти он, тартиби ташкил ва татбиқи салоҳияти онҳо ва омили муайянкунандаи равобити мутақобилаи байни мақомоти давлатӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ судяи суди ноҳия Аслонзода Салим баромад намуда, изҳор дошт, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошт. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурӣ новобаста аз халқияту миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, маълумот ва ғайра ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат додаст.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки мардуми ноҳияи Қубодиён низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷумхурӣ аз ин кафолатҳои Конститутсия бархурдор мебошанд. Имрӯз тамоми кору бор, фаъолияти мо ба он равона карда шудааст, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон поймол карда нашавад.
Дар давоми чорабинӣ ба шахсони арзанда ҷиҳати татбиқи муқаррароти қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешкаш намуд.