ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯ

Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.

IMG_6435.JPGДар оғози чорабинӣ раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат иштирокдорон ва таомим сокинони ноҳияро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, самараи сулҳу ваҳдат ва Истиҳлоли комили мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар идома таъкид намуд, ки 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастоварду рӯйдодҳои муҳими таърихӣ хотирмон хоҳад буд, зеро ба истиқболи ин руйдоди фараҳбахш дар саросари мамлакат корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, аз пойтахти мамалакат то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ороставу зебо гардид.

IMG_6345.JPGҲамчунин дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таомим сокинони ноҳияро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, онро волотарин дастоварди миллати тоҷик дар чанд қарни охир унвон кард.

Ҳамчунин сокинонро азз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Қурбонзода Қурбон табрику таҳният намуд.

IMG_6421.JPGСипас барои фаъолиятҳои самарнок, саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба шахсони арзанда мукофотҳои давлатӣ, сипсонома ва ифтихорномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба таври тантанавӣ тақлим карда шуд.

Ҳамчунин идомаи чорабинӣ ба собиқадорону шахсони ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумаки молиявӣ дастрас карда шуд.

IMG_6458.JPGДар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва санъаткорони театри мусиқӣ мазҳакавии вилояти Хатлон барои тамошобинон барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод намуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.