Сухани табрикотии раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ба муносибати ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо фаҳраҳмандӣ ва садоқату эҳтиром гармтарину самимонатарин табрикоти худро ба ифтихори рӯзи Истиқлоли давлатии кишвар ба сокинони ноҳия мерасонам.

Бузургтарин неъмате, ки миллати тоҷик дар охири асри гузашта ба он дастёб шуд, Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад.

Расидан ба чунин озодӣ – доштани давлати соҳибихтиёр ва ба дасти хеш гирифтани сарнавишти худ омолу орзуи деринаи халқи азизи мо буд. Кӯшишу талош ва иродаи устувори миллатамон моро ба ин рӯзи пурсаодат расонд. Мову шумо хушбахттарин наслем, ки нахустин меваҳои истиқлолро чашида, дар барқароркунӣ ва тақвият бахшидани дастовардҳои он, ҳар яке дар ҷои худ, саҳмамонро гузошта истодаем. Мо бо чашми худ он ҳама таҳаввулоти субҳи истиқлолро дидем ва бо дастони худ дар бунёди имрӯзу ояндаи дурахшони худ иштирок намуда, ин қасри муҳташамро дар якҷоягӣ сохта истодаем.

Мо намояндаи он наслем, ки дар зери ливои Тоҷикистони навин бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хиштҳои давлати тозаҷавони худро гузоштем ва аз озмоишҳои мушкилтарин бо сари баланд гузаштем.

Сиву се сол муқаддам, 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад, ки барои ҳар яки мову шумо иди муқаддас ва азизтарин маҳсуб меёбад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамояд, истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Ин дастовардҳо ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.

Барои сокинони меҳнатдӯсти Қубодиёни бостонӣ Истиқлолият рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, заминаи рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад.

Имрӯз мардуми ноҳияи Қубодиён аҳлона дар фазои сулҳу субот, дӯстиву якдигарфаҳмӣ меҳнат карда, бо сохтмон ва бунёди иншоотҳои гуногуни маъмурию давлатӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот симои ноҳияро ободу зебо гардонида, дар партави омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба масъали мумфарш ва таъмири роҳҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташаббусҳои созанда рӯи даст гирифта шуда, қариб тамоми роҳҳои маҳалли байни деҳаҳо мумфарш карда шуданд, ки мо дар доираи таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди ба истифода додани роҳи деҳаҳои Арабхона ва Бошқалъа гардидем.

Ноҳияи Қубодиён ноҳияи аграрӣ маҳсуб ёфта, барои пешбурди иқтисодиёти ноҳия, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ мо пеш аз ҳама ба соҳаи кишоварзӣ диққати ҳамаҷониба дода мешавад, зеро аҳолии деҳот бо кишоварзӣ машғул буда, меҳнаткашони ноҳия тамоми қувваю имконияти худро барои парвариши зироатҳо ва алалхусус, пахта сафарбар намуда, сол то сол дар истеҳсоли ғалладонагиҳо, полезӣ, меваю сабзавот ва зироатҳои техникӣ ба муваффақиятҳо ноил гардиданд.

Сокинони ноҳия бо истифода аз механизмҳои нави коркарди замин ва роҳу усулҳои замонавии кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ барои гирифтани ҳосили зиёд ва сифатноки маҳсулоти кишоварзӣ аз тамоми зарфияту имкониятҳо истифода менамоянд.

Раванди бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия бо мароми баланди меҳнатӣ идома дорад, ки гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандон, бахусус соҳибкорон ва мардони бонангу номус, барои фардои ободу осуда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбубу муаззами миллат буда, самараи сулҳу ваҳдат ва Истиҳлоли комили мамлакат ба ҳисоб меравад.

Таманно дорам, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.