МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ ВАТАНДӮСТ МЕБОШАД

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди радикализм, экстремизм ва терроризм маҳсуб меёбад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқобу шиорҳо ва арзишҳои гуногуни динӣ сурат гирифтаанд ва мегиранд.

Тибқи омор манбаъҳои кушода ҳар ду рӯз дар ҷаҳон як амали террористӣ ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷаи он бисёр мардумони бегуноҳ кушта ва маҷрӯҳ мешаванд. Амалҳои дорои хусусияти радикалӣ, экстремистӣ ва террористидошта рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш мебошанд, шумораи қурбониёни чунин амалиёт зиёд гардида, ҳар як чунин амалиёти нав аз амалиёти пешинааш ваҳшатноктар ва ба таври муосир муҷаҳҳазонида мебошад.

Хусусиятҳои терроризм ё ин ки даҳшатафканӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб шомилшуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират, аз таҳсил дур мондан ва амсоли ин рӯ ба рӯ шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст меравад.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Таҳлилҳои ҷараёни имрӯза ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодаанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба минтақаи Осиёи Миёна терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид карда истодааст. Дар ин самт объекти бевосиати гурӯҳҳои гуногуни ҷиноӣ ходимони давлатию ҷамъиятӣ, объектҳои стратегӣ ва ҳаётан муҳим буданду мемонанд.

Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои омодагии зархаридон дар Афғонистон, Покистон, Сурия, Либия ва дигар давлатҳои араб ба назар мерасанд, ки мо шоҳиди ин ҳолатҳо шуда истодаем.

Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки радикализм, экстремизм, терроризм дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷиноятҳои дорои хусусияти глобалӣ, яъне ҷиноятҳо бар муқобили инсоният буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дар баромадҳояшон аз радикализм, экстремизм ва терроризм изҳори нигаронӣ намуда, қайд менамоянд, ки: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад”.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди радикализм, экстремизм, терроризмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат омили мазкурро ба инобат гирифта, як қатор қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ташкил кардааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 июли соли 2021, №207 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 8 сентябри соли 2021, №1248 қабул гардида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 18 банд таҳия гардида, ҷиҳати иҷро ба масъулин ирсол карда шудааст.

450431365_907541694734537_5123607095622622143_n.jpgДар заминаи амалисозии Стратегия бо мақсади вусъат бахшидани корҳои профилактикӣ, такмили чораҳои пешгирӣ дар асоси таҳлили самаранок ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҷалби онҳо ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина пешгирӣ  аз экстремизм ва терроризм бо ҷалби шуъба ва бахшҳои дахлдори дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо намояндагони касбу кори гуногуни аҳолӣ дар ҳадди ҳар як деҳа ва муассисаи таълимӣ вохӯриву мулоқотҳо доир шуда истодааст.

Дар чунин шароит вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

 

 

Ҷурахонзода Абдулмаҷид

муовини раиси ноҳияи Қубодиён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.