Бахши да ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳия чорабиниҳои маърифативу идона баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат ва масъулони соҳа аз рафти чорабиниҳои муассисаҳои томактабии №1 ва №2 дидан намуд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат тарбиятгирандагон ва мураббиёни боғчаҳорор ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофитаи кӯдакон, ё худ иди кӯдакон табрик намуда, изҳор дошт, ки кӯдакону наврасон таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷӯҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва зиндагии шоистаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ бо иштироки тарбиятгирандагони боғчаи №1 ва №2-и ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуда, падару модарон ва иштирокдорон ба ҳунару истеъдоди хурдсолон баҳои баланд доданд.
Дар фарҷоми чорабиниҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ ва болидахотирии кӯдакон ба ҳар як нафар тарбиятгирандагони боғчаҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.