Дар қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раисони ноҳияҳои Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат ва Шаҳритус Абуллозода Тағой, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ду ноҳия, инчунин афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии ҳудуди ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раисони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён хизматчиёни Қушунҳои сарҳадиро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, изҳор намуданд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи таҳкими амният ва суботи кишвар тамоми чораҳоро амалӣ намуда, баҳри ҳизфи марзу бум ва осудагии сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам месозад.
Раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат дар идомаи суханронии худ изҳор дошт, ки марзбонони мо, ки дар хатти аввали ҷабҳаи ҳимояи Ватан қарор доранд, тамоми нерӯву қувваи худро баҳри ҳифзи истиқлолият, якпорчагии мамлакат, сулҳу субот ва осоиштагии сокинон равона месозанд. Ба ин хотир ба хизмати софдилона, шуҷоату мардонагӣ ва далериву ҷасурии марзбонон эҳтиром қоил мебошем.
Дар идома қайд гардид, ки дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён 4 адад дидбонгоҳи сарҳадӣ мавҷуд буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо қадрдонӣ аз ин қаҳрамонӣ ва шуҷоату мардонагии сарбозон пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ аз дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия дидан намуда, барои оростани дастархони идонаи онҳо чораандешӣ гардида, баҳри болидахотирии сарбозон барномаи консертии идона дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ баргузор менамояд.
Дар давоми чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба сарбозону афсарони Қушунҳои сарҳадӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, раисони ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус барои саҳм гузоштан дар тақвияти Қушунҳои сарҳадӣ бо медали ҷашнии 30-солагии Қушунҳои сарҳадӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар поёни чорабинӣ барои болидахотирии ҳозирин барномаи консертии ҷолиб пешниҳод карда шуд.
Инчунин дар қисми низомии 0305 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дастархони идона ороста шуда, барномаи консертӣ дар қисми низомӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ баргузор карда шуд.