Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён вохӯрии раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо сокинони ноҳия, бахусус бо ронандагони воситаи нақлиёт, ки бо мусофиркашӣ машғуланд, баргузор гардида, дар он як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар тамбашавии роҳ, ҷобаҷогузорӣ ва ҳаракати нақлиёт дар маркази ноҳия мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Нахуст раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат дар вохӯрӣ қайд намуд, ки масъалаи беҳтар намудани вазъи роҳу нақлиёт дар сиёсати дохилии мамлакат масъалаи муҳим арзёбӣ гардида, дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳор доштанд, ки солҳои охир сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза гирифта, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 41 пул ба анҷом расидааст.
Чунин ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳамсозии шароити мусоиди ҳамлу нақл ва интиқоли мусофирон ва молу коло, беҳтар намудани муомилоти нақлиётӣ байни минтаҳо равона гардида, имкон медиҳад, ки ба ҳадафи стратегӣ – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шуда, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии халқи мамлакат таъмин гардад.
Бо назардошти ин сокинон, алалхусус ронандагони нақлиёти мусофирбариро зарур аст, ки тартиби истифодабарии самаранок ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои бунёдгардида, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҷиҳати пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ронандагӣ ва тоза нигоҳ доштани шафати роҳҳо чораандешӣ намоянд.
Дар идомаи маҷлис аз ҷониби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва дигар масъулон дар робита ба ҳифзи зиракию ҳушёрии сиёсӣ, роҳ надодан ба тақлидҳои кӯркӯрона ба фарҳанг ва либоси бегона, риояи талаботи қонунгузорӣ, махсусан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дарбораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маърӯзаҳо шунида шуда, иштирокдорони вохӯрӣ аз масъалаҳои баррасигардида ҷонибадорӣ намуданд.
Дар рафти маҷлис ба масъулон супориш дода шуд, ки ҷойгиршавии истгоҳ ва терминалҳои мусофирбарӣ ба тартиб дароварда шуда, аз ҷониби ронандагон талаботи қоидаҳои мусофиркашонӣ пурра риоя карда шавад.