Имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар саҳни қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ҷавонону варзишгарон ба намоиш гузошта шуд.
Дар он дастовардҳои варзишгарон аз мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин ихтирооту навовариҳои ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба намоиш гузошта шуда, аз намоишгоҳ раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат бо меҳмонон ва сокинон дидан намуданд.
Ҳамзамон дар қасри фарҳанги ноҳия ҷаласаи якҷояи Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Қубодиён ва Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.
Дар кори раиси Шӯро, раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ва аъзои Шӯро, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисон ва муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва ҷавонони фаъоли муассисаҳои миёна ва ибтидоии касбӣ ва инчунин гирандагони Стипендияи Президенӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯро 4 масъала:
1.Ҳисоботи котиби Шӯро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон оид ба фаъолият дар самти кор бо ҷавонон дар соли 2023.
2. Ҳисоботи аъзои Шӯро мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.
3.Ҳисоботи котиби Шӯрои Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар соли 2023 ва 5 моҳи соли 2024
3.Тасдиқи Нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳия барои соли 2024
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома гузориши Назаров Ҷурабек Котиби Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳия, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи аъзои Шӯро мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мирзоев Саъдулло шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюм ҳисоботи котиби Шӯрои Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соҳаи варзиш дар соли 2023 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ, директори муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия Кулулов Мирзосафар шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи чорум Нақшаҳои кории Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси ноҳияи Қубодиён ва Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фаъолият дар соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Дар охир қисми тантанавӣ аз ҷониби раиси Шӯрои кор бо ҷавонон раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ ба як чанд нафар ҷавонони фаъол ва мураббиёни муассисаи давлатии мактаби варзиши ноҳия сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудаанд.
Дар поёни чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия ба ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.