ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 4 ҲАЗОР СОКИНОН ДАР “ДАВИ МИЛЛӢ” ВА МАРАФОНИ "ВЕЛОСИПЕДРОНӢ"

Санаи 19 майи соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шоҳроҳи марказӣ бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" чорабинии варзишии “Дави миллӣ” ва "Велосипедрони" бо иштироки беш аз 4 ҳазору 200 нафар сокинон баргузор гардид.

Қабл аз шурӯи чорабинӣ иштирокчиёнро муовини раиси ноҳия Асатуллозада Фируза ба муносибати "Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон" табрик намуда, изҳор дошт, ки дави миллӣ ба яке аз мусобиқаҳои анъанавии ҷумҳуриявӣ табдилёфта, сол аз сол бо афзудани нуфузи ин мусобиқа хоҳишмандон баҳри иштирок дар он зиёд мегарданд. Ин чорабинӣ баҳри оммавӣ гардонидани варзиш, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, варзишгарони соҳибифтихори Ватан ва тарбияи насли наврас дар доираи Рӯзи ҷавонон гузаронида мешавад, гуфт муовини раиси ноҳия.

Чорабинӣ аз рӯйи синну сол, ҷинс сурат гирифта, ғолибон аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.