БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия таҳти раёсати прокурори ноҳияи Қубодиён мушовири адлияи дараҷаи 2 Ашурмад Зарифӣ бо иштироки раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласаи Шӯро масъалаи ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Аз рӯи ин масъала ёрмадчии калони прокурори ноҳия, котиби Шӯро Манучеҳр Аҳмадзода баромад намуда, вобаста ба хатарҳои терроризм ва экстремизм ба амнияту суботи кишвар иттилоъ дод.

Дар идомаи ҷаласа аз рӯи ин масъала муовини раиси ноҳия, Асатуллозода Фирӯза, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия Маҳмадшарифзода Зафар баромад намуда, роҷеъ ба корҳои иҷрошуда дар самти таъмини иҷрои қонун ва стратегияи мазкур дар давраи сипаришуда ахборот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин аз рӯи масъалаи мазкур сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Одинаев Шоҳрух сухан намуда, роҷеъ ба омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва роҳҳои пешгирии он таъкид намуд.

Сипас аз рӯи ин масъала прокурори ноҳия ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои ҳамаҷонибаи талаботи қонунгузорӣ дар соҳа супориш дода, қайд намуд, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ҷоннок карда шаванд.

Воабста ба масъалаи дуюми рӯзнома роҷеъ ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории кишвар дар самти самаранок истифода бурдани замин муовини раиси ноҳия Эмомализода Турахон ва раиси кумитаи идораи замини ноҳия Амирализода Комил баромад намуданд.

Роҷеъ ба масъалаи мазкур аз тарафи прокурори ноҳия ба масъулин оид ба истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва таъмини заминҳои кишт бо оби полезӣ супориш дода шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.