Суханронии раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ дар маросими гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ

Муҳтарам даъватшавандагон, афсарону сарбозон!

Падарону модарони гиромӣ!

Ҳозирини арҷманд!

 

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024, №791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997 – 2006-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон, аз ҷумла, дар ноҳияи Қубодиён барои муташакилона сафарбар намудани ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ оғоз гардида, ҷавонони бонангу номуси Ватан барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар – Ватан баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳимат баста, бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд.

Чи тавре, ҳар яки мову Шумо шоҳиди он гашта истодаем даъватшавандагони чорабинии имрӯза бо як меҳру муҳаббати беандоза, содиқ будан ба ин халқу ватани аҷдодии хеш барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ин саҳни ҷавонмардӣ саф оростаанд.

Барои ташаббуси содиқона, меҳру муҳаббати ҷовидона, бастани камари ҳимати мардонагӣ ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ орзу намуда, минатдории хешро баён карда, хоҳони онам, ки ҳамеша сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвари соҳибистиқлоли азизамон пойдор бошад.

 

ҲОЗИРИНИ ГИРОМӢ!

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафҳои Артиши миллиро натанҳо ҷойи адо кардани қарзи фарзандӣ, балки мактаби камолоти инсонӣ ва шуҷоати мардонагӣ ҳисоб мекунад. Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар рӯҳияи қаҳрамонию диловарӣ, ҷасорат, муҳаббати зиёд доштан ба халқу диёри худ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи фарзандии худ донистан тарбия намоем.

Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ тамоми шароиту имкониятҳо муҳаё гардида, қисмҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ таъминанд, ки баҳри ҳимояи марзу бум, таъмини бехатарӣ, сулҳу субот ва дар таъмини амнияти кишвар омодаанд.

Инро набояд фаромӯш кард, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон Артиш буд ва то абад мемонад.

Айни замон маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст. Дар давраи мавҷудияташ Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад.

Падару модарони даъватшавандагони имрӯза тавонистанд дар тарбияи ҳисси мардонагию шуҷоат ва ватандӯстиву ватандорӣ дар зеҳну вуҷуди фарзандони хеш муваффақ шаванд.

Ман аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба Шумо ҷавонони ғаюру шуҷоъ ва волидони бо ору номус аҳсан мегӯям.

Боварӣ дорам, ки дар оянда насли наврасу ҷавонони ҳузурдошта пайваста ба ғамхориҳои Пешвои миллат, ин ташаббус ва иқдоми некро идома дода, барои ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини бехатарӣ, амният, сулҳу субот, ҳисси баланди ватандорӣ ба миллату давлати хеш омода мешаванд.

Аз ҳама ҷавононе, ки имрӯз баҳри гусели даъватшавандаҳо омадаанд, даъват менамоям, ки аз амали ҷавонмардонаи ин ҳамсолони шуҷои худ ибрат гирифта, баҳри дар оянда хизмат намудан ба Ватан – модар омода бошанд.

 

ДӮСТОНИ АЗИЗ!

Баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намудани даъвати баҳории ҷавонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соҳибкасб намудани ҷавонони синни даъватӣ тамоми чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон дар маҷмӯъ 140 нафар ҷавонон, ки аз ин шумора 110 нафар бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 10 нафар бо дастгирии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши курсҳои ронандагӣ ва 20 нафар аз тарафи муассисаи таълимии калонсолон дар ноҳия ба омӯзиши курсҳои кутоҳмудати касбомӯзӣ   фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома ва диполом гардиданд.

Қобили зикр аст, ки то оғози мавсими сафарбарнамоии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби масъулон чораҳои омодагӣ, барӯйхатгирӣ ва муоинаи тиббии даъватшавандагон роҳандозӣ гардида, дар натиҷа дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омад.

Бо назардошти корҳои иҷрошуда комиссияи даъватӣ, комиссариати ҳарбии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ва дигар масъулони дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда баҳри иҷрои пешазмуҳлати нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия чоаандешӣ намоянд.

 

МУҲТАРАМ ДАЪВАТШАВАНДАГОН ВА ҶАВОНОНИ АЗИЗ!

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки Шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд ва боварӣ доранд, ки Шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан - модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед.

Мо ифтихор аз Шумо ва волидони Шумо дорем ва барои Шумо ҷавонмардони шуҷоъ, родмардони ватандӯсту ватанхоҳ аҳсан мегӯем! Бигузор амалу рафтори имрӯзаи Шумо барои ҳазорон нафар ҷавонони ноҳия дарси ибрат бошад.

Бори дигар ба шумо дар роҳи адои қарзи шаҳрвандӣ барору кушоиш таманно намуда, зикри он дорам, ки сокинони ноҳияи Қубодиён бо шумо ҷавонони ҷасуру далер, пайравони воқеии сиёсати пойбарҷои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд.

 

Саломатию сарбаландӣ ёратон бод, ҳомиёни шуҷои Ватан!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.