Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул карда шудааст.
Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро амалӣ намуда истодааст.
Баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия» (минбаъд – Конвенсияи СММ зидди коррупсия), яъне шурӯъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст.
Муҳлати амали «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, ба итмом расид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозӣ Стратегияи мазкур барои паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.
Чорабиниҳои дар Стратегия пешбинишуда ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст.
Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр бояд чунин тадбирҳо роҳандозӣ карда шаванд:
- муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия;
- бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия;
- пешбинӣ кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии кор рупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он;
- муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ;
- тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия;
- муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ;
- баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт;
- ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия;
- муайян, ошкор ва кофтукови даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт;
- такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ;
- татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз принсипҳои зерин иборат мебошад:
- қонуният; - афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
- ба назар гирифтани афкори ҷомеа;
- эътироф намудани коррупсия ҳамчун хатари асосӣ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истифодаи маҷмӯи чораҳо дар муқовимат ба коррупсия.
Самтҳои асосии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ
Бояд тазаккур дод, ки соли 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (минбаъд – СҲИР) пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони СҲИР чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро, ки он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст, 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд.
Дар заминаи меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия, ки ба паст кардани хавфҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ равона карда шудаанд, тавсияҳое, ки аз ҷониби СҲИР дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои Шабакаи мубориза зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дода шудааст, тавсияҳои дигари созмонҳои байналмилалие, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, мувофиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионии қаблӣ то ба имрӯз дар сатҳи миллӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидааст.
Бо мақсади ташкили муборизаи самаранок бар зидди коррупсия ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар, инчунин андешидани чораҳои зарурии ҳуқуқии зерин тақозо карда мешавад:
- омӯзиш ва таҳлили татбиқи талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия;
- гузаронидани тадқиқоти даврии маҷмӯии ҳолати коррупсия ва самаранокии тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вобаста ба соҳаҳои гуногун;
- таъмини иштироки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия ва татбиқи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;
- таҳияи Методологияи тартиби гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии амалигардонии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;
- ба самъи аҳолӣ расонидани маълумот оид ба таъмини иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ;
- таъмини фаъолияти самарабахши комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- ба аъзогии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил намудани намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия фаъоланд; - баҳодиҳии таъсирбахш ва самаранокии чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ, таблиғотию ташвиқотӣ ва иттилоотонии ҷомеа;
- муайян намудани гурӯҳҳои бештар ба хавфҳои коррупсионӣ гирифтор ва барои онҳо гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва иттилоотонии зиддикоррупсионӣ;
- ҷалби мутахассисони салоҳиятнок, ботаҷриба ва соҳибтахассус ба раванди гузаронидани чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ, инчунин мунтазам баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо;
- таҳияи чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотии зиддикоррупсионӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ; - таъсис додани Котиботи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини шаффофият дар фаъолияти Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри ҳатмии қарорҳои қабулнамудаи он аз ҷониби Котиботи Шӯро;
- омӯзиш ва баррасии масъалаҳои таъмини тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои амалкунанда.
ОЛИМЗОДА М. А.,
майори адлия, нозири калони Шӯъбаи
муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентӣ
дар вилояти Хатлон