ҚУБОДИЁН: ПЕШРАФТИ САНОАТ ДАР АВҶ АСТ

Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои корҳои ободонию бунёдкорӣ ва шароити зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 493,7 млн. сомонӣ ё ин ки 102,8 фоиз буда, 13,5 млн. сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Нақшаи андозҳои маҳаллӣ 22,1 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷет 22,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 100,5 фоизро ташкил карда, аз нақша 106,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ғайр аз ин, ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,6 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки 102 фоизи нақшаро дар бар гирифта, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 104 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 100 фоиз таъмин карда шудааст.

Бақияпулиҳои андозҳо 5,0 млн. сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол қарзи андозҳо 172,8 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ 21,0 млн. сомонӣ ё ин ки 100 фоиз ворид гардидааст.

Маблағи моҳонаи 13580 нафар нафақахӯрон 3,8 млн. сомониро ташкил намуда, қарздорӣ аз пардохти нафақа дар ноҳия мавҷуд нест.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2021-2025 аз 104 лоиҳа ба маблағи 234,5 млн. сомонӣ иборат буда, аз он 35 лоиҳа ба маблағи 76 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 52 лоиҳа ба маблағи 134 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ ва 17 лоиҳа ба маблағи 24,5 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор тааллуқ дорад.

Дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истода, маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 10,5 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Воридшавии сармояи мустақими хориҷӣ 176,9 ҳазор доллари амрикоӣ, дигар сармоягузориҳои хориҷӣ 291,45 доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ҷамъи маблағузории асосӣ 26,9 млн. сомонӣ, корҳои бинокорию васлгарӣ 25,2 млн. сомонӣ ва фондҳои асосӣ ба маблағи 13,4 млн. сомонӣ ба кор андохта шудааст.

Дар масоҳати 2336 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуда, 200 ҷои нишаст дар муасисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бо мақсади таъмини Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022, №АП-174 ба муносибати ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони 129 адад иншоотҳои хурду бузург ба нақша гирифта шуда, дар соли ҷорӣ ба истифода додани 41 иншоот ба пешбини гардида, то ин муддат 12 адад иншоотҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Рушди саноат

– Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, дар ноҳия як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти саноатӣ то ҳаддӣ ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад, – зикр кард номбурда ва афзуд, ки шумораи коргоҳҳо ва корхонаҳои саноатии ноҳия 30 адад, аз ҷумла навтаъсис 5 ададро ташкил намуда, дар панҷ моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 55 млн. сомонӣ, ё ин ки 103,2-ро ташкил медиҳад.

Бо назардошти нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 12 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои сангрезашӯӣ ва истихроҷи шағал, обҳои ташнагишикан, маводҳои пластикӣ, макаронбарорӣ, сангҳои ороишӣ, дӯзандагӣ ва чопи типографӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра се адад корхона мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ноҳия 1943 ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, аз он доимӣ 148, мавсимӣ 833 ва муваққатӣ 962 ҷойи корӣ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101 ҷойи нави корӣ зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти Шабакаҳои барқи ноҳия маблағи қувваи барқи фоиданоки ҳисобшуда 11,3 млн. сомониро ташкил намуда, пардохти он 15 млн. сомонӣ, ё ин ки 132,6 фоизро дар бар мегирад.

Аҳолии ноҳия ба маблағи 5,7 млн. сомонӣ қувваи барқи фоиданок қабул намуда, 5,3 млн. сомонӣ маблағ пардохт намудааст, ки ин 93,3 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми гардиши савдои чакана дар ҳамаи соҳаҳои савдо ба маблағи 107,6 млн. сомонӣ, ё ин ки 101,9 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳо 49,7 млн. сомонӣ, ё ин ки 100,3 фоиз-ро ташкил медиҳад, афзуд номбурда.

Дастовардҳои кишоварзон

Доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ номбурда зикр кард, ки кишоварзони ноҳия баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ софдилона меҳнат намуда, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 212,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки 109,5 фоиз, аз ҷумла дар соҳаҳои растанипарварӣ 111,2 фоиз ва чорводорӣ 105,5 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил дода, 18,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра дар майдони 13037 гектар, ё ин ки 101,2 фоиз зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.

Аз ҷумла ғалладона ва лубиёгиҳо 2244 гектар, аз он гандуми баҳорӣ 310 гектар, ҷав 90 гектар, шолӣ 120 гектар, лубиёгиҳо 9 гектар, ҷуворимакка барои дон 262 гектар, ҳамагӣ зироатҳои техникӣ 7784 гектар, аз он пахта 7550 гектар, картошка 305 гектар, сабзавот 1143,1 гектар, полезиҳо 560 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 738 гектарро ташкил менамояд.

Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия, ҷамъ дар майдони 729,0 гектар, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 435,0 гектар ва дар бахши аҳолӣ 294,0 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори ҳайвони калони шохдор 53393 сар, аз ҷумла модагов 30449 сар, гӯсфанду буз 132667 сар, парранда 86691 сар, асп 1282 сар ва 1217 оилаи занбӯри асал нигоҳубин карда мешавад.

Дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар 5200 тонна пешбинӣ гардида, ба ҳолати 1 июни соли равон 1453,8 тонна, ё ин ки 28 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1342 тонна зардолу, олу ва 111,8 тонна пиёз ба воситаи гузаргоҳи гумруки вилояти Хатлон содирот карда шудааст.

Мувофиқи маълумотҳо ба ҳолати 1 июни соли равон дар ноҳия 3012 адад заминистифодабаранда, аз он ҷумла 1 адад хоҷагии ҷамоавӣ, 4 адад корхонаи хурд ва ширкатҳо, 2 адад хоҷагии давлатӣ, 2966 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 3 адад хоҷагии моҳипарварӣ ва 36 адад хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ фаъолият менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ 92 адад қонуншиканӣ дар истифодаи замин дар майдони 41,32 гектар ошкор карда шуда, нисбати онҳо ба маблағи 56,7 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ гардида, маблағи 47,3 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Ҳифзи муҳити зист

– Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва дигар санаду меъёрҳои экологӣ дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати солим нигоҳ доштани муҳити зист, оқилона истифодабарии захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар субъектҳои хоҷагидории ноҳия 13 санҷиши нақшавӣ гузаронида, 57 адад санади назоратӣ тартиб дода шуд. Ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 114 пешниҳоди иҷроишаш ҳатмӣ дода шуд, ки аз ин шумора 87 ададаш иҷро гардидааст ва барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбати 57 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 14,0 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуда, маблағи ҷаримаи баста шуда, пурра ситонида шудааст, – изҳор дошт мавсуф ва афзуд, ки соли ҷорӣ дар маҷмуъ 32350 бех ниҳол, аз ҷумла 15100 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони сояафкан, 3250 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, 9000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишӣ, 30000 дона лола, 32000 бех садбарг ва 128000 бех дигар намуди гулҳои мавсимӣ шинонида, дар майдони 10400 метри мураббаъ алафҳои ҳамешасабз кишт гардид.

Рушди соҳаи маориф

Дар идомаи суҳбат номбурда иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, занон ва фарҳанг тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар ин давра ба соҳаи маориф 30,6 млн. сомонӣ, ё ин ки 73,4 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ равона гардидааст.

Дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, роҳбарии 17 муассиса ба зиммаи занҳо гузошта шудааст. Дар маҷмуъ 43652 нафар хонанда, аз ҷумла 21082 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, шумораи омӯзгорон 2115 нафар, аз он 1492 нафар занонро ташкил менамояд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар назди шуъбаи маорифи ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия ва маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият менамояд.

Муассисаҳои таълимӣ бо 1350 адад компютерҳо таъмин буда, ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури хонандагон ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мусоидат намуда, 33 адад тахтаи электронӣ, 6 адад проектор, 57 адад сканер, 345 адад принтер ва 350 адад камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Бо назардошти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” муассисаҳои таълимии ноҳия дорои 19 адад кабинетҳои фаннӣ, аз он ҷумла 2 адад кабинетҳои фанни физика, 5 адад фанни химия, 2 адад фанни биология, 4 адад фанни информатика, 4 адад кабинетҳои фанни география, 1 адад фанни техналогия, 2 адад кабинети фанни суруд ва мусиқӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ 58 адад кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, 6 адад озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва 7 адад устохонаҳои таълимӣ фаъолият доранд.

Ба ғайр аз ин дар рӯзҳои наздик дастрасии боз шаш адад кабинети фаннӣ дар назар дошта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои гуногун хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок карда, 22 нафарашон ба олимпиадаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифта, аз онҳо 7 нафарашон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар минтақа 1200 нафар иштирок намуда, аз он 46 нафар хонандагон, 3 донишҷӯ ва 2 нафар омӯзгорон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои озмуни “Илм – фуруғи маърифат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 40 нафар ба даври вилоятии озмунҳо роҳхат гирифтанд.

Дар натиҷаи корбарӣ бо аҳли ҷомеа дар ноҳия сохтмони 52 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 1248 ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бо маром ҷараён дорад.

Бояд қайд намуд, ки дар назди 55 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият дошта, дар онҳо 4325 нафар, аз он 2502 нафарашон духтарон, инчунин дар 5 боғчаҳои бачагона ва як боғчаи бачагонаи хусусӣ 519 нафар, аз ҷумла 206 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси лоиҳаи Маркази ташаккули барвақти кӯдак барои густариши сармояи инсон дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири ҷории 5 боғчаи кӯдакона дар назар дошта шуда, аз ин дар боғчаҳои 1, 3 ва 5 таъмири асосӣ гузаронида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Тандурустӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки барои таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмон ва таъмиру барқарорсозии бунгоҳу марказҳои саломатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар давраи ҳисоботи ба соҳаи тандурустӣ 8,1 млн. сомонӣ, ё ин ки 19,3 фоиз аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар ноҳия муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”, беморхонаи марказӣ, 3 адад беморхонаи рақамӣ, 1 маркази саломатии марказӣ, 16 маркази саломатии деҳотӣ, 37 бунгоҳи саломатии деҳотӣ, 9 адад маркази соҳавӣ фаъолият дорад.

Дар соҳаи тандурустӣ 161 нафар духтурон ва 462 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият намуда, 8 нафар духтурон аълочии соҳаи тандурустӣ, 34 нафар духтурони категорияи олӣ, 15 нафар духтурони категорияи якум ва 9 нафар духтурони категорияи дуюм мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”, шуъбаҳои табобатию профилактикии сохтори госпиталӣ ва беморхонаҳои рақамии ноҳия 5600 нафар бистарӣ шуда, 5369 нафар ҷавоб шудааст.

Вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия 183 маротиба санҷиши санитарӣ гузаронида шудааст. Барои иҷро накардани пешниҳодҳои санитарӣ, санадҳо ва риоя накардан ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ 126 протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 21,8 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Ҳамзамон, мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳия ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ бо усули хона ба хона ба сокинон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва безараргардониро бурда истодаанд.

Риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Дар фарварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар ноҳия 9 комиссияи доимии вакилони халқ ва 65 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 825 адад тӯйи домодию арӯсӣ, аз он ҷумла 6 адад тӯйи хайриявӣ, 27 адад хатнасури хайриявӣ, 47 адад маросими чил, 29 маросими сол баргузор шудааст. Дар маҷмуъ теъдоди умумии маъракаҳо 911 ададро ташкил намуда, хароҷоти умумии онҳо 3,3 млн. сомонӣ, ё ин ки ба ҳар як маърака 3991 сомонӣ рост меояд, – зикр кард номбурда ва афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 357 адад қарор ва 82 адад амрҳои раиси ноҳия ба тасвиб расида, 61 қарор, 7 амри раиси вилоят, 6 қарори маҷлиси вакилони халқи вилоят ворид шуда, мактубҳои ташкилотҳои болоӣ 595 адад, мактубҳои раиси вилоят 305 ададро ташкил медиҳад.

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ пеш аз муҳлат иҷро карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1627 шаҳрванд, аз ҷумла 1421 нафар тариқи хаттӣ ва 206 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 8 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 адад аз Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ворид гардидааст.

Дар ин давра 1215 адад муроҷиати шаҳрвандон қонеъ карда шуда, 206 адади он барои баррасӣ ба масъулин ирсол карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чораҳои заруриро роҳандозӣ кардааасту дар оянда низ хоҳад кард.

МТЖТ

https://farazh.tj/sahifai-asosy/hukumat/ubodijon-peshrafti-sanoat-dar-avj-ast/?utm_source=rss

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.