КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим, дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Дар ин асос ба хулоса омадан мумкин аст:

1. Коррупсия — яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад;

2. Коррупсия — боварии шаҳрвандонро ба давлат, ояндаи нек коста месозад;

3. Коррупсия — табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад ва ғайра;

Дар замони ҳозира яке аз шаклҳои паҳнгардидатарини коррупсия ин гирифтани пора (моддаи 319 КҶ), додани пора (моддаи 320 КҶ), гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ (моддаи 324 КҶ) ва додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325 КҶ) ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки вақтҳои охир тавассути васоити ахбори умум маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди дастгир кардани кормандони мақомоти мухталифи давлатӣ бо ҷурми порагирӣ хело зиёд ба табъ мерасад.

Чунин гуфтан мумкин аст, ки пораро (додан м.319 ва гирифтан м.320 КҶ) бо таври дигар ҳамчун созиши ғайриқонунии байни корманди мақомоти давлатӣ ва ашхоси корафтода мебошад.

Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову Шумо вобастагии мустақим дорад ва баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамомои воситаҳои мавҷуда самаранок истифода барем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа решаи чуқур давонад. Зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои мубориза бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд аз ҷумла Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 пеш аз ҳама чораҳои пешгирии он ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда нақши басо муҳим мебозанд.

Агар ҳамаи мову Шумо ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешравии давлати соҳибистиқлоламон содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа мушкилотҳои мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф ва зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон боз ҳам хубтар мегардад.

 

Фаридун АЛИМАРДОНОВ,

мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.