Табрикоти раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз

Имрӯзҳо халқи шарифи кишвари азизамон дар тараддуди истиқболи бузургтарин ва зеботарин ҷашни ниёгонамон – Наврӯзи Аҷам, ки пайки эҳёи табиат ва фарорасии мавсими киштукори кишоварзон мебошад, қарор дорад.

Ҳузури муборак ва ҳумоюни ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯзро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба тамоми сокинони ноҳияи Қубодиёнро таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки файзу нусрат ва шукӯҳи ин ҷашни фархунда бароятон иқболу саодат, комгориву тавфиқ ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназирро ато намояд.

Наврӯз – ин иди ниёгони мо, соли чордаҳ аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалӣ эълон гардид. Ба ибораи дигар Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ва эътирофи воқеияту рисолати таърихии он барқарор гашт.

Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.

Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст ва онро, аз ҳама бештар, деҳқонон интизорӣ мекашанд.

Мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд, бо нияти нек ба замин донаи ризқу рӯзӣ мекоранд, ниҳол мешинонанд ва дигар корҳои баҳориро оғоз мекунанд.

Мардуми сарбаланд ва саодатманди ноҳияи Қубодиён чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Сарвари давлат иди миллӣ ва аҷдодии мо — Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи равобити дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша, ки паёмовари сулҳу дустӣ шуморида мешавад, бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Боиси хушнудист, ки ҷашни Наврӯз ба тақвияти сулҳу субот, дӯстиву ҳамкориҳои мутақобила дар минтақа ва ҷаҳон кӯмак намуда, ҷаҳонро ба сӯи шодӣ, сулҳ ва оромӣ ҳидоят менамояд. Иди Наврӯз, оғози эҳёи табиат, фараҳи лутфу меҳрубонии инсонҳо ва сабзаву ёсуману насрин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо тамоми арзишҳои суннатиаш қабои нав ба бар карда, хонадони моро пур аз шодиву сурур мегардонад.

Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёӣ буда, гузаштагонамон онро чун нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, бедории табиат, баробарии рӯзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.

Тибқи урфи гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, ки баёнгари эътиқоду ихлоси мардум ба зинда шудани табиат ва рӯзу рӯзгори нав мебошад.

Мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад.

Ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ то имрӯз дар ноҳия корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки дар он саҳми сокинони ноҳия басо назаррас мебошад. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.

Барои ин, пеш аз ҳама, ҳар як сокини ноҳия бояд кӯшиш намояд, ки барои ободии он саҳми худро гузорад, маҳалли зист ва кору таҳсили худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад. Ин қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии ҳамаи сокинони ноҳия ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.

Барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ноҳияамон имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Мо бояд аз ин имкониятҳо самараноку сарфакорона истифода барем ва ноҳияамонро ба идгоҳу наврӯзгоҳи воқеӣ табдил диҳем.

Итминон дорам, ки сокинони сарбаланду соҳибмаърифати Қубодиёни бостонӣ ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ободу зебо гардонидани он саъю талоши боз ҳам бештар карда, исбот менамоянд, ки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин мебошад.

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.