Санаи 3 апрели соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Чорбоғ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов бозии футбол байни дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён ва дастаи “Вахши Зарнисор”-и ноҳияи Вахш барои дарёфти “Ҷоми Федиратсияи футболи Тоҷикистон” дар доираи лигаи II-юми вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар бозии мазкур бозингарони дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён фаъолияти хуб нишин дода, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Ҳамчунин тибқи низомномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аз 2 майи соли 2018 санаи 4 майи соли 2018 мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба “Гуштини миллӣ” дар байн кудакону наврасон дар МТМУ №4-и ноҳия ташкил ва баргузор гардид, ки ғолибони мусобиқа аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Санаи 5 майи соли 2018 ҷиҳати иҷрои нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҳикистон дар соли 2018 дар ноҳия машқҳои пагоҳирӯзӣ дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар умум зиёда аз 100 ҷавонон аз ҷумла 20 нафар бонувон дар машқҳои пагоҳирӯзи иштирок намуданд.
Инчунин тибқи мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №2.2/1-446-в санаи 5 майи соли 2018 ҳамоиши “Як рӯзи веловипедронӣ” дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки зиёда аз 100 нафар ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд.