ТАНТАНАҲОИ СОЛИНАВӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2023 чорабинии тантанавӣ ва идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин тамоми сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик намуда, соли сипаришударо соли заҳмати содиқонаву софдилона барои ободии Ватани соҳибихтиёрамон, бо роҳбарии хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон арзёбӣ намуд.

Дар баромади худ раиси ноҳия қайд намуд, ки дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Қубодиён бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар руҳу илҳоми тоза гирифта, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

Раиси ноҳия сарфари кории Пешвои миллатро ба ноҳия аз муҳимтарин руйдоди соли ҷорӣ барои мардуми шарафманди Қубодиён унвон карда изҳор дошт, ки ин сафари кории Сардори давлат, ки моҳияти созандагӣ ва бунёдкорона дошта, дар таърихи ноҳия бо хатҳои зарин сабт шуда, дар доираи ин сафари корӣ  иншоотҳои таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар қатори дигар дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ба рушди босуботи маҳал мусоидат намуд.

Сипас барномаҳои рангини солинавии бахши фарҳанги ноҳия бо саҳнаҳои Бобои барфӣ ва сурудаҳои тозаи сарояндагони бахш дар идомаи чорабинӣ  пешниҳоди ҳозирин карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар арафаи соли нави мелодӣ бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ва дарин замина расонидани кумак раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия аз вазъи будубош ва таълими тарбиятгирандагони мактаб-интарнати ноҳия дидан намуданд. Гуфта мешавад, ки хонандагони мактаб-интернати ноҳия дар бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ, ки зимни сарфари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, дорои тамоми шароити муосири таҳсил ва будубош буда, тарбиятгирандагони ин даргоҳ таҳти ғамхории падаронаи Пешвои миллат қарор доранд.

Зимни ин боздид аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ба тартиябгирандагони мактаб-интарнати ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, дастархони идона ороста шуд.

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.