Дар қасри фарҳанги ноҳия фестивал – озмуни “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Сайри китоб” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия ширкат варзидаанд. Дар доираи ин чорабинӣ шеърхонӣ, рақсу суруд, навозиши лабчанг, дафу табл ва намоиши саҳнаҳои бадеӣ намоиш дода шуд. Ҳамчунин вобаста ба 140-солагии сардафтари адабиёти ҳозираи тоҷик устод Садриддин Айнӣ аз эҷодиёти устод саҳначаҳои бадеӣ пешкаши тамошобинон карда шуд.
Дар баробари фестивали мазкур ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия ба маърази ҳозирин ба намоиш гузошта шуд.
Чорабинии фестивал-озмуни “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” бо баргузории барномаи консертӣ ба анҷом расид.