Имрӯз тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони тамоми воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва намояндагиҳои воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва таҳлилӣ саволҳои худро пешниҳод намуданд. Дар нишаст ба саволҳои рӯзноманигорон раиси ноҳия посухҳои қонеъкунанда дода, рафти нишаст аз ҷониби рӯзноманигорон қонеъкунада арзёбӣ карда шуд.