Таҳти раёсати раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин маҷлиси ҷамъбастии натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи сипаришуда баргузор гардид, вобаста ба фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва кишоварзии ноҳия муовинони раиси ноҳия ҳисобот додаанд.
Қайд гардид, ки дастоварду пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба назар расида, дар маҷмӯъ қаноаткунандла мебошад.
Дар маҷлиси ҷамъбастии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Файзализода Қобил иштирок намуда, изҳор доштанд, ки фаъолияти соҳаҳо дар ноҳия бо натиҷаи назаррас ҷамъбаст гардидаанд.
Дар идома барои фаъолияти минбаъда ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба масъулин дастур супоришҳо дода шуд.
Ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамари корӣ ва натиҷаҳои назаррас дар давоми шаш моҳи сипаришуда аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолон, аз ҷумла барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба муовини раиси ноҳия Асатуллозода Фирӯза сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Ҳамзамон, барои иҷрои саривақтии нақшаи даъватии баҳории ҷавонон ба Артиши миллӣ ба раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов Шарифзода Муҳаммад медали 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сипоснома ба масъулони Комиссарияти ҳарбии ноҳия ва барои фаълияти пурсамари корӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ба мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Давлатзода Муъминхӯҷа сипоснома тақдим карда шуд.