Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семинар – машварати гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар доир ба омодагӣ ҷиҳати саривақт ҷорӣ намудани механизми таин ва пардохти кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бо намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид.
Дар семинари мазкур қайд гардид кумаки унвонии иҷтимоӣ ҳамчун шакли нави расонидани кумакпулии иҷтимоӣ бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки дар ҳолати душвории зиндагӣ қарор доранд ва имкони мустақилона аз ин ҳолат баромаданро надоранд, таъин ва пардохт карда мешавад.
Кумаки инвонии иҷтимоӣ бар ивази ду механизми қаблӣ – кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд ва ҷубронпулӣ барои чунин оилаҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷорӣ карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин семинар паҳлӯҳои дигар механизми нави кумаки унвонии иҷтимоӣ ҷиҳати амалисозии он ба шахсони масъул шарҳ дода шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки айни замон дар ноҳия 3757 нафар ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудааст ва механизми нави кумаки унвонии иҷтимоӣ дар ноҳия шурӯъ аз нимаи дуввуми соли равон татбиқ хоҳад гашт.