Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2022, №352 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар ноҳия даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона ҷараён дошта, ҷавонони ноҳия баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди Модар – Ватан ба Комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳозир мешаванд.
Дар ин радиф Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро имрӯз бо сари баланд иҷро намуда, аз натиҷааш раиси ҷамоат Шарифзода Муҳаммад ба роҳбарияти ноҳия гузориш дод.