Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён дар асоси нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатаҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия санаи 22 апрели соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №3, Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ бо ҷалби директорони муассисаҳо ва омӯзгорони дифои ҳарбии ноҳия ва зиёда аз 400 нафар хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимии №3 ташкил ва гузаронида шуд.
Ҳангоми гузаронидани Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ сатҳи дониши назариявӣ ва малакаи амалии хонандагон ҳангоми рӯх додани ҳолатҳои фавқулодда санҷида баромада шуд.
Дар рафти гузаронидани чорабинӣ сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён Қарахонзода Рустам ба сухан баромада, саҳми аҳолиро дар пешгирии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда баланд арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки ҳар як нафар бояд
Неруҳои ғайриҳарбӣ аз ҳисоби хонандагон таъсис дода онҳо бо амволи махсус таъмин гардида, дар чорабинии шартии иҷрои наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳои рӯх додани вазъи фавқулода (заминларза) иштирок намуданд. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ноҳия бо саволҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода ҷавобҳои саҳеҳ доданд.
Барои иштироки фаъол ва тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, таъмини бехатарии давлат, ҳимояи аҳолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамагуна ҳолатҳои фавқулода ва барои сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ масъулон, омӯзгорон ва хонандагони фаъол бо ифтихорномаи сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар нохияи Қубодиён қадрдонӣ карда шуданд.