ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БО АНЪАНАИ “КУЛЧАГАЗОН”

Субҳи имрӯз маросими сафарбаркунии наваскарон дар варзишгоҳи марказӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва Комиссарияти ҳарбӣ иштирок намуданд.

20220401_103045.jpgРаиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин дар ифтитоҳи расми гусели наваскарон ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.

20220401_103207.jpgТаъкид шуд, ки ҳангоми хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Дар идомаи суханронии худ раиси ноҳия изҳор дошт, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳама давру замон Артиш буд ва то абад мемонад.

20220401_103143.jpg“Айни замон маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса ба солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба нерӯи тавоное табдил ёфтааст. Дар давраи мавҷудияташ Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад”-гуфт раиси ноҳия.

20220401_103907.jpgДар маросими гусели наваскарон волидони даъватшаванда низ таассуроти худро баён дошта, қайд намуданд, ки хизмат намудани фарзанд дар сафи қувваҳои мусаллаҳ орзу ва ифтихори ҳар падару модари бо нангу нос буда, тарбияи фарзанд дар роҳи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳимояи марзу бум қарзи ҳар як падару модар мебошад.

20220401_110349.jpgМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо нишони қадрдонӣ аз модарони даъватшавандагони ихтиёрӣ ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

20220401_103810.jpgНаваскарони даъватшаванда низ дар ин чорабинӣ изҳори андеша намуда, қайд намуданд, ки онщо бо ихтиёри худ Комиссарияти ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии худро адои қарзӣ фарзандӣ – хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи хоки Ватан изҳор намуданд.  

20220401_104516.jpgСипас дар иҷрои хонандагони муассисаҳои таълимӣ машқҳои маҳорати бадан намоиш дода шуда, дар васфи ватан дастаҷамъона шеър қироат намуданд.

20220401_105445.jpgТибқи анъана, пас аз маросими расмии гусели наваскарон анъанаи “Гулчагазон” бо иштироки падару модарон ва даъватшавандаҳо баргузор гардида, ин чорабиниро барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия ҳамроҳӣ намуд.

20220401_104737.jpgГуфта мешавад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дастгирии ҷавонони аз оилаҳои камбизоат ва соҳибкасб намудани онҳо чораҷӯӣ намуда, 45 нафар ҷавон, ки ихтиёран хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро интихоб намудаанд, барои дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ ба таҳсил фаро гирифт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.